Паёми Э.Раҳмон ба Эрдуғон: Ҳамкории мо ба манфиати амнияти минтақа аст...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёми шодбошӣ ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон солгарди иди миллии Туркияро барои тамоми мардуми ин кишвар табрик гуфтааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Эрдуғон изҳор доштааст, “мо аз он қаноатмандем, ки солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар густариш ва тавсеаи матлуб ёфт, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мо ва суботу амнияти минтақа аст”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин изҳори умед кардааст, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариш хоҳанд ёфт. Дар охири паём Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки “бо истифода аз ин фурсати нек ва фараҳбахш ба ҷаноби Президент саломатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми Туркия – шукуфоиву саодати зиндагӣ таманно дорам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |