Шамир: Қазияи марги кӯдаки тоҷик ҷабҳаи дуюми ҷанги Сурияро роҳ меандозад
Яке аз муаллифони “Комсомолская правда” иддао карда, қазияи марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик ҷабҳаи дуюми ҷанги Сурияро роҳ меандозад.
Исраэл Шамир, рӯзноманигори “Комсомолская правда” ба қазияи Умар Назаров, кӯдаки панҷмоҳа, ки баъди аз модар ҷудо кардан даргузашт ва вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт, дахл карда, гуфтааст, тамоми матлабҳо танҳо ба як нукта ишора мекунанд: “Гӯиё Русия мусулмонҳоро меранҷонад”.
Ба иддаои ӯ, “агар кӯдак раҳошуда ва жӯлида намебуд, пулис ӯро ҳамроҳи модараш мегузошт”.
Ба таъкиди муаллиф, “дар ҳамаи кишварҳо агар пулис дар хонаи муҳоҷирон кӯдаки маризро бубинад муваззаф аст, аз ӯ муроқибат кунад. Бале, ниҳодҳои кор бо кӯдакон метавонанд фарҳанги бегонаро таҳаммул накунанд. Мо медонем, ки дар кишварҳое чун Англия, Шветсия, Норвегия кӯдакони русро бе ягон асос аз муҳоҷирони рус мегиранд. Аммо дар ин қазия марги кӯдак нишон дод, ки ӯро бояд оҷилан ба бемористон мебурданд. Модараш дар мавриди ин кор ҳатто фикр ҳам накардааст”.
Исраэл Шамир меафзояд, аз шарҳ ва навиштаҳои журналиятоне дар ҳайрат аст, ки инро “кӯдаккушии бераҳмона” меноманд: “Ин навиштаҳо аз сӯи исломгароҳои Сурия ва ҳомиёни онҳо мебошанд. Дар Русия исломгароҳо-мухолифони Асад кор ва зиндагӣ мекунанд. Онҳо мехоҳанд байни мусулмонҳои Русия барои террористон ва зархаридҳои ДИИШ ё “Нусра” заминасозӣ кунанд. Барои ин беҳтарин кор ин аст, ки зеҳнияте биофаранд, ки мусулмонҳоро озор медиҳанд. Ана қазияи кӯдаки тоҷик, ки духтуронро ба қотилон дар ҷомаи сафед табдил кард, аз роҳ расид. Ҷабҳаи дуввуми ҷанги Сурия дар Маскав ва Петербург ҳамин гуна кушода мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |