Коҳиши қурби рубл ва ҷаҳиши доллар дар Тоҷикистон
Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, ки 26 октябр ҳаққи муайян кардани қурби долларро доранд, арзиши расмии асъори амрикоиро имрӯз, 29 октябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 6,70-6,72 сомонӣ муайян кардаанд. Ин нишондод аввали ҳафтаи равон ба 6,68-6,69 сомонӣ баробар буд.
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон поин рафта, феълан дар саррофиҳои Душанбе 1000 рубл 103-106 сомонӣ арзиш дорад.
Қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон, ки тайи моҳҳои охир қурби долларро дар бозори нақди кишвар худаш муайян мекард, эълон намуд, ки аз 26 октябри соли 2015 қурби долларро боз худи ташкилотҳои қарзӣ муайян мекунанд.
Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз менамояд, ки вазъи бозори нақдӣ ва фаъолияти муассисаҳои бонкиро, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, ҳамарӯза назорат хоҳад кард: “Дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, алайҳашон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъии таъсиррасонӣ андешида хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |