Бахшҳо

Тасдиқи буҷети соли 2016 ва дастури Президент дар мавриди буҷети 2015

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2016-ро дар ҳаҷми 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ тасдиқ кард, ки нисбати буҷаи соли равон ҳудуди 3,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи иттилоияи расмӣ, имрӯз, 28 октябр дар ҷаласаи ҳукумат инчунин нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод гардиданд.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки буҷети соли 2016 низ хислати иҷтимоӣ дошта, дар соли 2016 барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки дар муқоиса ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин зикр кардааст, ки дар 9 моҳи соли равон дар пайи таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфта, қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад. Ӯ аз ҷумла таъкид намудааст, ки дар 9 моҳи соли равон буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 96,5 фоиз таъмин шуда, ба он 10,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша 391 миллион сомонӣ кам мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои дахлдор дастур додааст, ки дар муҳлати боқимондаи сол барои иҷрои пурраи Буҷети давлатӣ чораҳои самарабахш андешида, нақшаи буҷетро амалӣ намоянд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)