Песков: Путин аз қазияи Умаралӣ огоҳ аст, аммо...(ВИДЕО)

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз қазияи марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар Санкт Петербург огоҳ аст.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия иттилоъ додааст: “Албатта президент аз ин қазия огоҳ аст, чун ин ҳодиса вокунишҳои зиёд ба вуҷуд оварда, васеъ дар ВАО инъикос шуд. Аммо ҳар ҳодиса наметавонад таҳти назорати президент бошад, ин имкон надорад. Ниҳодҳои давлатӣ мавҷуданд, ки дар доираи салоҳияти худ, ки ба чунин мушкилот машғул мешаванд”.
Песков таъкид намудааст, ки қазияи Умаралӣ назорати бевоситаи раисиҷумҳурро талаб намекунад ва зикр кардааст, ки аллакай ин қазия зери назорати ваколатдори президент оид ба ҳуқуқи кӯдак Павел Астахов қарор дорад.
Ахиран Мақомоти пулиси Санкт Петербург навори ҳузури Умаралии 5-моҳаи тоҷикро дар шуъбаи пулис нашр кардаанд, ки дастгоҳҳои назоратии шӯъба сабт намудаанд.
Дар ин навори беш аз якдақиқаӣ Умаралӣ зоҳиран солим буда, дар оғӯши як корманди шӯъбаи пулис мебошад. Инчунин дар видео лаҳзаи интиқоли Умаралӣ ба беморхона тариқи мошини ёрии таъҷилӣ инъикос ёфтааст.
Қаблан Вазорати умури дохилии Русия изҳор дошт, ки дар пайи санҷиш муайян кардааст, ки дар марги Умар Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик маъмурини пулис даст надоранд.
Марги мармузи Умар Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокуниши шадид ба вуҷуд овард. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |