Шоми варзишгарони тоҷики муқими Русия: Аз таъкид барои ҳамдилӣ то андуҳ аз марги Умаралӣ

Гуруҳе аз варзишгарони тоҷиктабори муқими Русия дар маҳфиле зери унвони “Варзиш - саломатии миллат” дар шаҳри Маскав гирди ҳам омаданд.
Ин маҳфил шоми рӯзи 27 октябр дар Хонаи миллатҳои пойтахти Русия баргузор шуд. Ҳусейн Иброҳимов, Олег Ширинбеков, Юрий Лобанов, Сайид Гусейнов, Хурсанд Ҷамшедов, Нилуфар Содиқова, ки зодаи Тоҷикистонанд, ба варзишгарони навроҳ аз ҷавонии худ, оғози фаъолияти варзишӣ, сирри муваффақиятҳо ва муҳаббаташон ба Тоҷикистон гуфтанд. Гуштигири номовари тоҷик Расул Боқиев аз таъсиси мактабаш дар Маскав навид дода гуфт, ҳадафаш муаррифии мактаби варзиши Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар аст.
Маҳфили “Варзиш - саломатии миллат"-ро Сафорати Тоҷикистон дар Русия созмон дода, ҳадафи онро “талоше барои бештар муттахид намудани тоҷикон ва тоҷикистониёни муқими Русия” гуфт. Дар ин шоми варзишгарон китоби тозанашри рӯзноманигори варзишнигори точик -- Нарзуллои Латиф бо номи "Эмомали Рахмон ва саломатии миллат" муаррифӣ гашт. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия аз варзишгарон даъват кард, дар иттиҳод ва ҳамдилии тоҷикони Русия бештар саҳм бигиранд.
Ӯ дар охири маҳфил аз марги Умаралӣ Назарзода, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик изҳори андуҳ намуда, гуфт, талош дорад, бубинад, ки омилони ин фоҷиа дар назди қонун посух гӯянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |