Бонки Русия ҳаҷми пули интиқолшуда ба Тоҷикистонро эълон кард
Бонки марказии Русия гуфтааст, ки интиқоли пули шахсони инфиродӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар семоҳаи дуюми соли равон 528 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти ин ниҳод дар семоҳаи дуюм аз Русия ба Қирғизистон 436 миллион, Узбакистон 850 миллион, Молдова 238, Украина 466 ва ба Арманистон 320 миллион доллар фиристода шудааст.
Дар маҷмӯ ба иттилои Бонки марказии Русия дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 1 миллиарду 430 миллион доллари амрикоӣ интиқол ёфтааст.
Қаблан Бонки рушди Осиё бо нашри як гузориш гуфта буд, ки пули фиристодаи муҳоҷирон 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тибқи ин таҳқиқот, Узбакистон нисбати Тоҷикистон ва Қирғизистон пойбандии камтаре ба пули муҳоҷирон дорад. Аммо аз ҷиҳати ҳаҷми маблағ ва теъдоди муҳоҷирон Узбакистон пешсаф аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |