Ифшои муомилоти пулҳои қалбакӣ дар Суғд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ як сокини 26-солаи шаҳри Панҷакентро боздошт намудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод боздоштшуда рӯзи 27 октябр 95000 рубли Русияро барои иваз намудан ба филиали нуқтаи ивази асъори “Амонатбонк”, дар шаҳри Чкалов супоридааст: “Тибқи маълумотномаи шӯъбаи ташхисӣ, асъори коғазии мазкур бе риоя кардани талаботи технологӣ тайёр карда шуда, қалбакӣ мебошанд”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |