Парлумон лоиҳаи қонун дар бораи коҳиши санҷишҳоро рад кард
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 28 октябр дар пайи баррасӣ қонун дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро, ки ба коҳиши теъдоди санҷишҳою санҷишкунандаҳо равона шудааст, қабул накард.
Вакилони парлумон дар пайи баррасии лоиҳаи қонун барои нофаҳмиҳо дар чанд модда лоиҳаро барои баррасии бештар баргардонданд. Аз ҷумла моддаи 30, қисми 6-и лоиҳаи қонун, ки санҷишҳои ғайринақшавии субъектҳои хоҷагидориро пешбинӣ мекунад ва дар назар буд, ки аз соли 2018 мавриди амал қарор гирад, боиси нофаҳмиҳо гардид ва лоиҳа барои бозбинӣ баргардонда шуд.
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки қонуни мазкур коҳиши теъдоди санҷишҳо ва мақомоти санҷишкунандаро пешбинӣ мекунад. Ӯ таъкид кард, ки феълан дар Тоҷикистон 137 мақоми санҷишӣ фаъолият доранд, ки ин аз ҳад зиёд аст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар ин робита изҳор дошт, ки яке масоили мушкилзою безобиткунанда барои субъектҳои хоҷагидорӣ санҷишҳори такрории мақомот мебошад. Ӯ хост, ки ин масъала зери назорат қарор дода шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |