Doing Business 2016: Бонки ҷаҳонӣ тиҷорат дар Тоҷикистонро мушкилтарин дар ИДМ хонд
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ, зери унвони “Пешбурди тиҷорат 2016” Тоҷикистонро миёни 189 давлати дунё дар ҷойи 132-ум қарор додааст, ки нисбати соли гузашта 6 зина пештар аст.
Дар гузориши “Пешбурди тиҷорат барои соли 2015” Тоҷикистон дар зинаи 138 қарор дошт. Тибқи гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ, бо вуҷуди пешрафт Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамоно аз ҳама поин ҷой гирифтааст. Дар гузориши мазкур миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷойи 41-ум, Қирғизистон - 67, Узбакистон – 87-ро соҳиб шуда, Қазоқистон ва Узбакистон инчунин ба даҳгонаи кишварҳое, ки шароитҳои мусоид барои рушди соҳибкорӣ фароҳам овардаанд, шомил шудаанд.
Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ зимни раддабандӣ, 10 нишондод, аз ҷумла сабти корхона, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, таъминот бо барқ, сабти моликият, қарзгирӣ, ҳимояи сармоягузор, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои созишномаҳо ва ҳалли муфлисшавиро ба назар гирифтаанд.
Дар сархати ин гузориш, чун солҳои қаблӣ Сингапур, Зеландияи нав, Дания, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонгконг, Бритониё, ИМА, Шветсария, Норвегия ва Финландия қарор гирифтаанд. Аз миёни кишварҳои ИДМ Гурҷистон дар ҷойи (24), Арманистон (35), Белоруссия (44), Русия(51), Молдавия (63 ), Озарбойҷон (63), Украина (83) қарор гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |