Дар робита ба таҷлили 70-солагии Лоиқ Шералӣ имрӯз дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор гардид.
Ин ҳамойиши вижа таҳти унвони «Худшиносии миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ» сурат пазируфта, он бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ- тоҷикӣ доир гардид. Дар нишаст устодону донишҷӯёни донишгоҳ, меҳмонон аз мақомоти марбутаи ҳукумат, иттиҳоди нависандагон ширкат ва суханронӣ карданд. Зимнан, ашъори безаволи Лоиқ мавриди баррасӣ қарор гирифта, паҳлӯҳои осори ӯ аз ҷиҳати илмӣ баҳогузорӣ гардид. Маврид ба ёдоварист, ки чанд рӯз қабл ба ин муносибат миёни донишҷуён озмуни шерхонӣ баргузор гардида, 10 нафар барандаи он дар конфронси имрӯза аз ашъори Лоиқ шеърҳо қироат карданд.
Мӯҳр