Омӯзгори ҷавонро барои шикоят аз бебарқӣ “душмани халқ” эълон кардаанд
Як омӯзгори ҷавон дар Узбакистон барои интиқод аз қатъ шудани нерӯи барқ “душмани халқ” эълон шудааст.
Муҳаммадризо Эргашев, сокини ноҳияи Ҷалолқудуқи вилояти Андиҷони Узбакистон баъди он ки аз қатъ шудани нерӯи барқ интиқод кард, панҷ шабонарӯз аз озодӣ маҳрум шуд. Ба иттилои расонаҳо, кормандони пулиси ноҳияи Ҷалолқудуқ ӯро “душмани халқ” эълон кардаанд.
Ин омӯзгори 20-сола ба расонаҳо гуфтааст, дар деҳаи ӯ танҳо барои 2 соат барқ дода мешавад ва аз ин хотир маҷбур шуд, шикоят бубарад. Аммо дар пайи ин шикоят кормандони пулис Эргашевро боздошт намуда, 5 шабонарӯз бидуни обу хӯрок нигоҳ доштаанд. Ба гуфтаи Муҳаммадризо Эргашев, пулис гуфтааст, “ту душмани халқӣ, душмани Узбакистон ҳастӣ. Агар барқ нест, аз таппак истифода кун”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |