Баҳси мубодилаи майдонҳои 12 гектарӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ барои бори нахуст мубодилаи заминҳои мушаххаси наздимарзиро ба миён гузоштаанд.
Дар ин бора Абдураҳмон Маматалиев, ноиби сарвазири Қирғизистон ба расонаҳои кишвараш хабар дода, афзудааст, ки мубодилаи майдонҳои 12 гектарӣ дар миён аст. Ба гуфтаи ӯ ҷониби Қирғизистон 12 гектар замини болои деҳаи Коктошро мегираду Тоҷикистон 12 гектар замини поёни ин деҳа, ки қад-қади роҳи автомобилгар ҷойгир аст, соҳиб хоҳад шуд: “Ин заминҳо дар шакли шоҳмот ҷойгир шуда, бисёр мушкилзо мебошанд”.
Ба гуфтаи ноиби сарвазири Қирғизистон 5 ноябр ҳайати Тоҷикистон барои баррасии ин масъала ба Бишкек ва охири моҳи ноябр ҳайати Қирғизистон ба Душанбе сафар хоҳад кард.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарор роҳбарии ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушунидҳо бо Қирғизистонро ба уҳдаи ноиби сарвазир -- Азим Иброҳим вогузор карда буд. Ба ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар баробари ноиби сарвазир инчунин вазири кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва намояндаҳо аз Вазорати адлия, Вазорати хориҷӣ, дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур, қушунҳои сарҳадӣ, ҳукумати Суғд ва дигар мақомоти дахлдор ворид шудаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |