ДИИШ дар Афғонистон зиндони шахсӣ доштааст
Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон эълом карда, гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” манзили 106 узви “Толибон”-ро оташ задааст.
Ин комиссия дар иттилоияи навиштааст, ин хонаҳо дар вулусволиҳои Ачин ва Пачирогоми вилояти Нангарҳор ба далели ин ки соҳибони онҳо бо “Толибон” ҳамкорӣ мекунанд, ба оташ кашида шудааст. Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ин қазияро далели ихтилофи “Толибон” ва ДИИШ шумурда, аз афзоиши ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар аз ҷониби пайравони гуруҳи “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ кардааст.
Бар асоси омори ин комиссия, ДИИШ 15 ғайринизомӣ, бо шумули 7 раҳбари қавм ва 8 фарди оддӣ, ки миёнашон як кӯдак низ буд, ба сурати бераҳмона ба қатл расондааст. Афзун бар ин, дар иттилоия омадааст, гуруҳи “Давлати исломӣ” дар вулусволиҳои Ачин ва Нозён чаҳор зиндони шахсӣ дорад, ки дар онҳо одамон нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин ба гузориши ин ниҳоди ҳуқуқӣ, ДИИШ дар чанд вилояти дигар монеи омӯзиши 27 ҳазор донишомӯз ва боиси овора шудани 2217 хонавода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |