Ҷавони 21-сола дар куштори ҳамдеҳааш муттаҳам мешавад
Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти сокини 21-солаи ноҳияи Ашт хабар дод, ки дар марги як ҳамдеҳааш гумонбар дониста мешавад.
Аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар пайи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ кормандони милиса ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Аштро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир намудаанд. Бино ба иттилои манбаъ, “муайян карда шуд, ки гумонбаршуда 23 октябри соли равон, тахминан соати 13:00 дар деҳаи Гудоси ин ноҳия аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 39-солаи сокини ҳамин деҳа, ба сару рўйи охирон задааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа марди 39-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Феълан нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |