Вазорат: Боздошти полковники тоҷик дар Миср асос надорад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, хабари расонаҳои мисрӣ дар мавриди боздошти полковники тоҷики ҷонибдори ДИИШ дар ин кишвар асос надорад.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дипломатҳои тоҷик муайян кардаанд, ки расонаҳои мисрӣ зимни пахши ин хабар иштибоҳ кардаанд: "Қазияи мазкур соли 2014 сурат гирифтааст ва дар миёни боздоштшудагон як шаҳрванди Тоҷикистон низ будааст, ки полковник нест".
Атоев афзуд, ки ҷузъиёти бештари қазия фардо, 28 октябр ироа хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи «Ал-Масри ал-Явм»-и Миср аз боздошти ҷонибдорони созмони террористии “Давлати исломӣ”, аз ҷумла полковники тоҷики ҷонибдори ДИИШ дар Қоҳира хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ миёни боздоштшудагон инчунин шаҳрвандони Арманистон, Белорусия, Сербия, Сурия ва Эрон будаанд, ки маҳаллаи аҳроми Миср ва шуъбаи пулисро зери назорат гирифта, қасди амали террористӣ дар ҷойҳои таҷаммӯи саёҳонро доштаанд: “Аз боздоштшудагон либоси низомию пулис, силоҳ ва рамзҳои “Давлати исломӣ” мусодира шудааст”.
Дар ҳамин ҳол то ҳозир ҳамагӣ як ҳолати пайвастшавии полковники тоҷик-Гулмурод Ҳалимов ба ДИИШ оммавӣ шудааст. Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон мебошад, ки охири моҳи апрел аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод. Ӯ хатмкардаи Академияи ВКД-и Тоҷикистон буда, дар гузашта дар Русия ва Амрико таълим гирифтааст.
Тибқи иттилои додситонии Тоҷикистон феълан алайҳи Ҳалимов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |