Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Расонаҳои Амрико: Тоҷикистон ба ивази озодии сарбозонаш ба Толибон яроқ додааст

Бархе аз расонаҳои амрикоӣ аз қавли манобеяшон дар мудирияти Толибон иттилоъ додаанд, ки гӯиё Тоҷикистон ба ивази раҳоии сарбозони рабудашудааш ба ин созмони террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангӣ додааст.
Пойгоҳи хабарии “The Daily Beast” миёнаравии Қатарро дар раҳоии 4 марзбони тоҷик аз дасти Толибон рад карда, изҳор доштааст, ки мақомоти Тоҷикистон ба ивази озод кардани сарбозони рабудашудаи худ ба Толибон яроқ додаанд.
Расона навиштааст, ки ин иқдом дар доираи ҳамкории Русия ва Толибон сурат гирифта, афзудааст, ки гуфтугӯро Тоҳир Шамалзай, аз наздикони раҳбари собиқи Толибон, амалӣ кардааст. Бинобар навиштаи “The Daily Beast” ин мақом моҳи май бо шиносномаи қалбакӣ ҳамроҳи як ҳайати Толибон озими Душанбе шудааст. “Иброҳим Ачакзай, нафаре, ки дар Душанбе ба тиҷорати оҳанпора машғул аст, дар ин музокира миёнҷигарӣ кардааст”- навиштааст “The Daily Beast”.
Манбаи пойгоҳи хабарӣ теъдоди яроқро “бузург” ва “қобили таваҷҷуҳ” гуфта, аз ҷузъиёташ худдорӣ кардааст. Ин хабаргузорӣ аз қавли Қорӣ Умар, раҳбари Толибони Қундуз навиштааст: “Фармондеҳи вақти Толибон, Мулло Раҳматуллоҳ ин қарордодро истиқбол кард ва сарбозонро амома ва либоси афғонӣ пӯшонда ба марзи Тоҷикистон равон карданд.”
Ин марзбоҳои тоҷик 19 декабри соли гузашта дар марз бо вулусволии Имом Соҳиби Афғонистон ба дасти Толибон асир афтоданд. Вазорати умури хориҷии Қатар рӯзи 14 июни соли ҷорӣ хабар дод, ки ин чор сарбози тоҷик бо миёнравии ин кишвар аз дасти “Толибон” раҳо шуданд. Аммо, мақомоти Тоҷикистон бо пахши як иттилоия рӯзи 11-уми июни соли 2015 гуфтанд, ки сарбозони тоҷик дар натиҷаи гуфтушуниди расмӣ ва дидани ҷораҳои махсус аз асорат озод шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |