Интиқоди Убайдуллоев ва тағйироти кадрӣ дар “Барқи тоҷик”

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ аз таъмини номуназзами сокинони пойтахт бо нерӯи барқ интиқод намудааст, ки боиси афзоиши шикоятҳо шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ нигаронии Убайдуллоев дар пай таҳлилу баррасии муроҷиатҳои сокинон ба телефонҳои навбатдории шабонарӯзии шаҳрдорӣ оид ба вазъи таъминоти шаҳр бо нерӯи барқ сурат гирфтаааст. Ӯ таъкид намудааст, ки омодагиҳои Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» - зерсохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола эътимоднок нестанд ва дастур додааст, то чораҳои муассиртар андешида шаванд.
Дар ҳамин ҳол манобеи “Озодагон” аз тағйироти кадрӣ дар мудирияти Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд. Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи “Барқи тоҷик” низ дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ намуд, ки Маҳмадисо Наимов ба ҷои Афзалӣ Самиев, раҳбари нави Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе таъин шудааст. Ба гуфтаи Ёдгорӣ Наимов то ҳол муовини сармуҳандис дар Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе буд. Афзалӣ Самиев сармуҳандиси нави шабакаҳои барқ таъин гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |