Кумита: Мардум аз талотуму биноҳо аз заминҷунбӣ осеб дидаанд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 26 октябр дар бархе аз муассисаҳои таълимӣ талотум ба вуҷуд омадааст, ки боиси захмӣ ва аз ҳуш рафтани бархе аз хонандагон шудааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда имрӯз, 27 октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт то ҳол низ зангҳо дар мавриди тарси кӯдаконро ҳангоми заминҷунбӣ аз нуқтаҳои гуногуни кишвар қабул карда истодаанд. Ӯ таъкид намуд, ки заминларза талафоти ҷонӣдар пай надорад, танҳо бархе аз хонаҳо, махсусан дар Бадахшон осеб дидаанд: “Аз ҷумла дар ВМКБ ноҳияи Ишкошим деворҳои ду хонаи истиқоматӣ пурра хароб гашта, дар деворҳои 4 хонаи истиқоматӣ таркиш ба вуқуъ омадааст. Дар иноҳияи Роштқалъи ин вилоят бошад деворҳои 2 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардида, деворҳои 3 хонаи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доранд”.
Рӯзи гузашта мақомот аз беҳушшавии муҳассилин ҳангоми талотум дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ва шаҳри Хоруғ хабар дода буданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар пайи таркиш девори Донишгоҳи Хоруғ ва чанд хонаи истиқоматӣ осеб дидаанд.
Ин дар ҳолест, ки заминларзаи 7,7 баллии 26 октябр дар Афғонистону Покистон наздики 300 кушта барҷой гузоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |