Бахшҳо

Дафтари матбуоти Президент Эмомалӣ Раҳмонро “пешвои миллат” хонд

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27 октябр бори аввал Эмомалӣ Раҳмонро “пешвои миллат” хонд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти сершумори ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф овард: “Роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми шукргузори Ҳисори шодмон Сарвари давлат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти олӣ истиқбол гирифта, аз бунёдкорию созандагие, ки тайи 2 соли охир боиси ободонию шукуфоии бесобиқаи ин мулки бостонӣ гардид, арзи сипосу қадрдонӣ карданд”.

Муаррифии президент ҳамчун пешвои миллат аз ҷониби дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар ҳолест, ки қаблан пешниҳоди расман пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби як гуруҳ олимон баҳсҳои ҷонибдорону мухолифон ба бор оварда буд.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи “Дурнамои идеяи «пешвои миллат» дар Тоҷикистон” ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кардааст. Ин идея аз ҷониби академик, Носир Салимӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (2.04.2015) ва баъдан дар торнигори сайти Ҳизби ҳокими халқи демократӣ нашр шуда буд.

Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтаанд, ки тарҳи мавзуи «Пешвои миллат» метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.

Олимони ин ниҳод гуфтаанд, ки “давлат категорияи фарогири мардум ва ҳукумат аст, дар ҳоле ки ҳукумат дар як замони муайян вобаста ба қонунҳои муайяншуда, муносибати байни шаҳрвандонро танзим менамояд. Дар ин гуна система мафҳум ё падидаи «пешво» вуҷуд дошта наметавонад, балки мақомоти ҳукуматӣ мудирияти соҳаҳои алоҳидаро ба роҳ мемонанд, аз он ҷумла, салоҳиятҳои мақоми президентиро. Дар ҷомеаи демократӣ Президент мақоми олиест, ки таъминкунандаи сохти конститутсионӣ ва кафили муносибатҳои ҳуқуқбунёд мебошад. Дар давлатдории демократӣ аз мақоми Президент дида мақоме болотаре чун «пешво» вуҷуд надорад. Идеяи пешниҳодшудаи «пешво» аз як тараф ҳамин гуна мақоми олиро сарфи назар карда, зиддияти қонунӣ дошта аз тарафи дигар арзишҳои низомҳои теократию авторитариро аз нав эҳё мекунад, ки хилофи арзишҳои давлатдории демократӣ мебошад”.

Академик Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар матлаби худ пешниҳод карда буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ пешвои миллат номида шавад. Онҳо бо арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммад чун пешвоҳои муваффақи миллӣ дониста Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.

Дар шумораи 9.04.2015-и ҳафтаномаи Тоҷикистон як гуруҳ олимон Бобоҷон Самиев ва Рамазон Назариев, докторҳои илми фалсафа, Зикров Ҳ, ва Р. Давлатов номзадҳои илми фалсафа бо дастгирӣ аз матлаби Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ матлабе бо номи “ Пешво ифодагари ваҳдату қудрати давлат аст” нашр намуда, пешниҳод намудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан мебошад.

Вале муҳаққиқони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон ин идеяро як “пешниҳоди бемавқеъ” дониста, гуфтаанд, ки одатан ин гуна зиёиён дар баробари мушкилоти имрӯзи ҷомеа ва бархурдҳои идеологӣ бетараф ҳастанд ва ба хотири манфиатҳои худ мавқеашонро зуд ба осонӣ метавонанд иваз намоянд.

Муаллифони матлаби мухолифат ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази оянданигарии Академияи илмҳо гуфтаанд, ки зиёиён ба ҷойи чунин пешниҳодҳои бемаврид, “бояд дар андешаи роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеа бошанд ва барои Консепсияи рушди миллиро то соли 2050 (Ин консепсия имсол зимни вохӯрии Президент бо зиёиён пешниҳод гардид) таҳия, пешниҳод ва расонаӣ намоянд, то ки ҳукумат ба мардум наздик шавад ва мардум ба ҳукумат эътимод пайдо кунад”.
Мӯҳр
Саёд аз он рухсати парвоз ба мо дод
Чун бохабар аз болу пари бастаи мо буд

Рустам
Бисёр хам миллати точик дар шароити "хуб" зиндаги дорад. Хамасола аз Россия садхо кушташудагонро ба ватан бармегардрнанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)