АКС: Президент чойхонаи харбузашакли Алимардонро ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 27 октябр дар ноҳияи Ҳисор, чойхонаи харбузашаклро бунёд кард, ки бо маблағи Алимардоновҳо бунёд шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Чойхонаи миллии навбунёд дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи Баракат, аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Шаҳрофар тарҳрезӣ гардида, дар муддати кӯтоҳ бунёд гардид: “Чойхонаи миллӣ, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ дар шакли харбуза сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад”.
Корпоратсияи Баракат, ки фармоишгари чойхона мебошад, ба оилаи Алимардоновҳо, аз ҷумла Муродалӣ Алимардон, раиси Агроинвестбонк марбут дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ дар ошёнаи якуми чойхона бо 1600 метри мураббаъ толор дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, 5 ошхонаи муосир бо технологияи ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов бунёд шудааст: “Толори асосӣ бо масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст. Бо бунёди ин нуқтаи муосири хизматрасонӣ барои қариб 100 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки ин Чойхонаи миллӣ дар масоҳати 4,5 га сохта шуда, гирду атрофи он бо намудҳои гуногуни ниҳолҳои ороишӣ ва навъҳои мухталифи гулу буттаҳо оро ёфтааст: “Оянда дар ҳудуди 22 гектари атрофи ин чойхона ҳамчунин боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд хоҳад ёфт”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |