Мақомот: Писари Кабирӣ ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” $1.2 миллион додааст
Мақомоти амниятии Тоҷикистон писари бузурги Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро дар додани беш аз як миллион доллар ба Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ, ки дар пайи як амалиёти неруҳои давлатӣ дар Ромит кушта шуд, муттаҳам медонанд.
Дар як гузориши телевизионӣ, ки шабакаҳои давлатии кишвар намоиш доданд, гуфта шуд, Руҳуллоҳ Тиллозода бо дархости падараш – Муҳиддин Кабирӣ ба Абдуҳалим Назарзода маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” як миллиону 200 ҳазор доллар додааст.
Дар гузориши мақомот Ҷамшед Нарзуллоеву Маҳмадалӣ Раҳматуллоев хеш ва Ҳикматулло Сайфов, ронандаи Кабирӣ муаррифӣ шуда, дар бораи расонидани ин миқдор маблағ шоҳидӣ доданд.
Баъд аз анҷоми амалиёт алайҳи гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” мақомоти Тоҷикистон чанде аз аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, бо шумули раҳбарони он Муҳиддин Кабириро дар ҳамдастӣ бо муовини пешини вазири мудофиа муттаҳам карданд. Ба дунбол Додгоҳи олӣ ҲНИТ-ро террористиву экстремистӣ эълон карда, фаъолияташро манъ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |