Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмурӣ ҷазо барои фоҳишагиро шадидтар кард. Тибқи тағйиру иловаҳо агар фоҳиша бори аввал боздошт шавад, аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400-800 сомонӣ) ҷарима мешавад ва агар ин нафар бори дуюм давоми як сол барои фоҳишагӣ боздошт гардад, нисбати ӯ ҷарима аз 20 то 40 нишондиҳанда (800-1600 сомонӣ) ё ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз татбиқ хоҳад шуд. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: БА ФИКРИ ШУМО ҶАРИМА ВА Ё ҲАБС РОҲИ ҲАЛЛИ ИН МУШКИЛ ШУДА МЕТАВОНАД?
Маликаи АВАЗ, шоира узви Иттифоқи нависандагони Точикистон
Албатта не. Чунки ин чизи ифлосе, ки айни ҳол мутаасифона занҳои тоҷик низ ба он рӯ овардаанд, на бо ҷарима пешгирӣ мешавад ва на бо ягон чизи дигар. Албатта мушкил аст коре кардан. Ба ҳар ҳол дар мактабҳову донишгоҳҳо метавон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем. Агар дар бораи касалиҳои зиёди венерикӣ фаҳмонем, шояд каме таъсири худро расонида тавонад. Аммо баъзе аз афрод мегӯянд, мушкили муҳоҷират ва бекорӣ омили зиёд гаштани ин амал гаштааст.
Зарина КЕНҶАЕВА, равоншинос
Албатта чунин қонунҳо аз ҷониби давлат ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ бароварда мешавад ва пеш аз қабули қонунҳо, онҳо мавриди таҳлилу таҳқиқи масъулон қарор мегиранд. Ин иқдоми нек аст ва бе чуну чаро таъсири худро мерасонад. Ашхосе, ки ба ҳамин кор даст мезананд, шояд бо ҳамин восита баъзеашон аз ин роҳи бад баргарданд. Ҳар шахсе, ки ба роҳи бад меравад, ӯро ба роҳи рост равона кардан имкон дорад. Ин ғалат аст, ки баъзе шахсон вақте роҳро интихоб карданд аз он намегарданд. Нафаре, ки ба роҳи нодуруст меравад дар раванди фаъолияти нодуруст бевоста ба ӯ таъсиррасонӣ кардан, сахтгирӣ кардан ва бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ он тағйир меёбад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин аз бекорӣ ё ягон ноилоҷӣ ба вуҷуд меояд, ки ман ба ин розӣ нестам, зеро ин падида аз қадим буд ва ин шахсон роҳи осонтари тарзи фаъолияти худро меҷустанд ва ба осонӣ қути лоямут ба даст меоварданд. Гумон мекунам агар онҳо кўшиш кунанд бо роҳи дуруст низ ин маблағро ба даст овардан мумкин , зеро дар Тоҷикистон ҳамеша озодӣ ҳаст, ҳама намуди фаъолият озод аст, ягон касро барои кор кардан, меҳнат кардан манъ накардаанд, ҳуқуқу озодии ӯро маҳрум накардаанд, ки тавонад ба намуди дигари фаъолият машғул шавад. Ҳар фаъолияте, ки бошад нисбати чунин кор беҳтар аст ва такя ба бекориву камкорӣ карда ба ин амал даст задан ҷоиз нест.
Шариф МУЛЛОЕВ, устоди ДСРТ
Пеш аз он ки роҳи ҳалли ин масъаларо пешкаш намоем, бояд сабабҳои онро мушаххас намоем. Барои чӣ ва аз кадом сабаб онҳо ба ин роҳ мераванд? Шояд вазъияти молиявии ин гуна афрод онҳоро ба ин амалҳо равона карда бошад? Пеш аз ҳама бояд сабабҳои онро омӯхт, ва барои рафъи он чораҳо андешид. Фикр мекунам шояд каме ҳам бошад ҷарима ва ҳабс роҳи инро гирад, вале пурра онро аз байн намебарад. Ба фикри ман ягона роҳи кам кардани он вазъи молиявии онҳоро хубтар бояд намуд. Барои ин сохторҳои дахлдор бояд ёрии амалӣ расонанд.