Ҳилларӣ Клинтон пас аз анҷоми сафараш дар Душанбе озими Тошканд шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, вазири умури хориҷаи ИМА дар Ӯзбакистон бо райисҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов дидору гуфтугӯ кард. Гуфта мешавад, хонум Клинтон зимни вохӯрӣ аз раҳбари Ӯзбакистон тақозо кардааст, ки ба риояи ҳуқуқи инсон дар кишвараш арҷ гузорад ва ба нақзи ҳуқуқи башар роҳ надиҳад. Маврид ба ёдоварист, президенти Ӯзбакистон пас аз воқеаҳои хунини соли 2005-и Андиҷон дар нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам дониста шуд. Хонум Клинтон, ки баъди боздид аз Тоҷикистон шоми шанбе (22 октябр) бо Каримов дар Тошканд мулоқот кард, аз баландтарин мақомҳои ҳукумати Амрикост, ки баъди бардошта шудани таҳримҳои ҳафтсолаи кӯмакҳо, аз ҷумла ёриҳои низомӣ бар зидди Ӯзбакистон дар моҳи сентябр, аз ин кишвар дидан мекунад.
Бояд гуфт, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Ислом Каримов чанде қабл дар сӯҳбати телефонӣ равобити миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд. Он вақт Обама ва Каримов гуфта буданд, ки “хостори рушди муносибатҳои чандҷиҳата байни Иёлоти Муттаҳида ва Ӯзбакистонанд, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусии Амрико ва Ӯзбакистон.{jathumbnail off}
Мӯҳр