Зилзила дар Афғонистону Покистон талафоти ҷонӣ доштааст
Вайс Бармак, вазири давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табии Афғонистон гуфтааст, дар пайи зилзилаи имрӯз дасти кам 10 кӯдак ҷони худро аз даст додаанд.
Ӯ маркази зилзиларо вулусволии Ҷурми Бадахшони Афғонстон гуфтааст. Ин дар ҳолест, “The Guardian” аз кушта шудани 12 донишҷӯдухтар дар шаҳри Тахори ин кишвар хабар додааст. Сунатуллоҳ Темур, сухангӯи ҳукумати Тахор, гуфта, 30 донишҷӯдухтар, ки дар пайи заминҷунбӣ осеб дида буданд, бистарӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо дар вилояти Нангарҳор теъдоди афроди ба ҳалокатрасида ба 7 ва захмиён ба 71 мерасад. Раиси идораи беҳдошти Кунар, вилояти шарқии Афғонистон аз кушта шудани як ва захмӣ шудани 20 нафар хабар додааст.
Бино ба иттилои расонаҳои Покистон заминларза дар ин кишвар 29 кушта бар ҷой гузоштааст. Сайид Ҷамилшоҳ, сухангӯи яке аз беморитонҳо аз қабули 50 захмӣ хабар додааст.
Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон гуфтанд, заминҷунбӣ дар маркази он –Афғонистон 7,5 баллро ташкил додааст. Ларзиши сахти он дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон эҳсос шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |