Баъди эълони Бонки Миллӣ: Қурби расмии доллар боло рафт
Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, ки аз имрӯз, 26 октябр ҳаққи муайян кардани қурби долларро доранд, арзиши расмии асъори амрикоиро боло бурданд.
Қурби расмии доллари амрикоӣ, ки то рӯзи гузашта дар нуқтаҳои саррофии Душанбе 6,56-6,58 сомониро ташкил медод, имрӯз, 26 октябр ба 6,68-6,70 сомонӣ баробар шудааст.
Бонки Миллии Тоҷикистон, ки тайи моҳҳои охир қурби долларро дар бозори нақди кишвар худаш муайян мекард, эълон намуд, ки аз 26 октябри соли 2015 қурби долларро боз худи ташкилотҳои қарзӣ муайян хоҳанд кард.
Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз менамояд, ки вазъи бозори нақдӣ ва фаъолияти муассисаҳои бонкиро, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, ҳамарӯза назорат хоҳад кард: “Дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, алайҳашон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъии таъсиррасонӣ андешида хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |