Боздошти Маҳкамов бо аризаи “ҷиян” ва ҳабси мошини Ёрова

Нуриддин Маҳкамов, узви Коллегияи адвокатҳои “Сипар” бо аризаи даъвогии як хешаш боздошт шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои “Сипар” хабар дода, афзуд, ки “худи ҷияни Нуриддин Маҳкамов ба мақомот шикоят кардааст, ки гӯиё 2 мошини ӯро Нуриддин гирифта, бозпас нагардонидааст”.
Ёрова илова кард, ки дар ин робита масъулини Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилӣ (УБОП) ӯро низ бозпурсӣ кардаанд: “Чанде пеш як мошини худро ба хотири иваз кардан ба Нуриддин Маҳкамов дода, ба ивазаш мошини дигари тамғаи “Хонда”-ро гирифтам”.
Ёрова изҳор дошт, ки мақомот иддао карданд, ки ӯ мошинашро бо роҳи фиребгарӣ ба даст овардааст ва танҳо баъди гирифтани мошин ӯро раҳо кардаанд. Аммо Нуриддин Маҳкамов, ки бо даъвати Прокуратураи нақлиёт аз Хуҷанд ба Душанбе омадааст, феълан дар боздошт мебошад.
Қаблан, мақомот Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои “Сипар”-ро бо иттиҳоми қалобӣ ва сохтакории аснод боздошт карда буд. Ин боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки оқои Ёров Кумитаи ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро, ки баъдан бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон шуд, созмон дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |