Писари Маҳкамов: Ҳанӯз сабаби боздошти падарамро нагуфтаанд

Наздикони адвокат Нуриддин Маҳкамов мегӯяд, ҳанӯз намедонанд, ӯро бо чӣ иттиҳоме боздошт кардаанд.
Садриддин Маҳкамов, писари Нуриддин Маҳкамов имрӯз, 26 октябр ба “Озодагон” гуфт, бо гузашти чор рӯз далели дар Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилӣ (УБОП) нигоҳ доштани падарашро нагуфтаанд. “Рӯзи 22 октябри соли ҷорӣ падарам аз ҷониби мақомоти интизомӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шуд ва то ҳоло мошинаш дар таввақуфгоҳи бинои УБОП истодааст”,-афзуд вай.
Садриддин мегӯяд, рӯзи шанбеи 24 октябр барои муайян кардани сабабҳои боздошти падараш аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахт омад: “Омадам, то фаҳмам, ки чаро падарамро боздошт кардаанд. Барояш хӯрок овардам, вале натавонистам онро ба падарам диҳам”.
Қаблан, TojNews аз қавли ҳамсари Нуриддин Маҳкамов – Мусаллама хабар дод, ки ӯ бо даъвати Прокуратураи нақлиёт аз Хуҷанд ба Душанбе омадааст.
Нуриддин Маҳкамов, узви Коллегияи адвокатҳои “Сипар” мебошад. Қаблан, мақомот Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои “Сипар”-ро бо иттиҳоми қалобӣ ва сохтакории аснод боздошт карда буд. Ин боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки оқои Ёров Кумитаи ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро, ки баъдан бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон шуд, созмон дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |