Буҷа иҷро нашуд: Ширкатҳои калон пули давлатро надодаанд
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 26 октябр дар муҳокимаи парлумонӣ изҳор дошт, ки буҷаи давлатӣ тайи 9 моҳи соли равон ба 10,8 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки зиёда аз 96 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Қурбониён гуфт, ки тайи ин муддат 391,9 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷа ворид нагардидаанд. Ӯ иҷро нашудани нақшаи буҷаи давлатро ба он рабт дод, ки соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 17,9 дарсад ва рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ- 05 дарсад кам шудааст.
Масъулин афзуданд, ки соли равон бархе аз ширкатҳои бузург саривақт маблағи буҷаро пардохт накардаанд ва “ТАЛКО”, “Барқи тоҷик”-у "Роҳи оҳан"-ро ном бурданд, ки мутаносибан 23 миллион, 49,6 миллион ва 12 миллион сомониро ба буҷаи давлат ворид накардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |