Боздошти гуруҳи “чорводузд” дар Хатлон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се сокини вилояти Хатлон хабар дод, ки дар дуздии чорвои сокинони ноҳияи Бохтар муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод 25 октябр дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ се мард-сокини 39-солаи ноҳияи Бохтар ва сокинони 61-солаи Вахшу Қӯрғонтеппа боздошт шудаанд, ки ба иттилои тафтишот аз чарогоҳҳои деҳаҳои Чорсу, Ваҳдат, Меҳвар, Гули Сурхи ноҳияи Бохтар чорвои калони шохдорро медуздидаанд: “Аз ҷумла аз марди 42-сола, шаби 31.08 ба 01.09.с.2015, ду сар чорвои калони шохдори арзишашон 6000-сомонӣ, моҳи июн як сар чорвои калони шохдори марди 34-сола, арзишаш 3000-сомонӣ, шаби 28 ба 29.09.с.2015 аз марди 43-сола чор сар чорво, арзишашон 8000-сомонӣ, моҳи сентябр як сар аз марди дигари 43-сола арзишаш 5000-сомонӣ ва як сар чорвои калони шохдор аз марди 36-сола, ки арзишаш 2500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |