Грозин: Тоҷикистон идеологияи муттаҳидкунандаи мардум надорад
Андрей Грозин, раҳбари шуъбаи Пажуҳишгоҳи ИДМ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯяд, вазъи амниятии низомҳои сиёсии минтақа тайи солҳои охир бадтар шудааст.
Ӯ дар шарҳи омилҳои ифротӣ шудани бархе аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ изҳор доштааст, ки барои ин зуҳурот омилҳои гуногун, аз ҷумла фасод, фишори иҷтимоӣ, ноадолатии мақомот дар маҳалҳо ва ғайра замина фароҳам меоранд: “Бисёре аз экстремистҳо, ки худ забони арабиро намедонанду Қуръонро дар тафсири ифротиён мехонанд, бар инанд, ки ҳукумат ғайриқонунӣ асту алайҳаш бояд бо силоҳ мубориза бурд”.
Андрей Грозин таъкид намудааст, ки ин натиҷаи камбуди маълумоти динӣ, камбуди таъсири давлат ба умури дин, адами фаҳмиши дақиқ дар мавриди рушди минбаъдаи ҷомеа ҳаст, ки хоси ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ-аз Қазоқистон то Тоҷикистон мебошад. Ӯ инчунин бо таассуф илова намудааст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳозир натавонистаанд, консепсияи кишварсозию идеологияро коркард кунанд, ки мардумро муттаҳид кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |