Сержанти хурди милиса Зарринаро аз худкушӣ наҷот дод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷасорати корманди 23-солаи ин ниҳод тавсиф кардааст, ки Зарина Нурматоваи 38-соларо аз худкушӣ наҷот додааст.
Тибқи иттилои ВУД 23-юми октябр, тахминан соати 10:40-дақиқа, Нурматова Зарина, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, бо мақсади худкушӣ худро дар рӯ ба рӯи бинои шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст: “Баъди воқиф шудан аз ҳолати мазкур сержанти хурди милитсия Раҳматов Фирӯз Исмоилович, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, сарфи назар аз сардӣ, худро ба дарё андохта ҷавонзанро наҷот додааст”.
Манбаъ мегӯяд, соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд ин сеюмин сӯиқасд ба худкушӣ мебошад, ки аз тарафи кормандони милитсия пешгирӣ карда шуд.
Фируз Раҳматов, ки Нурматоваро наҷот додааст, ба иттилои ВУД 23 сол дошта баъди адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти кориашро аз моҳи марти соли 2015 дар ШВКД дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |