Бахшҳо

Кумаки Иттиҳоди Аврупо дар бахши амнияти ядроӣ ба Тоҷикистон

Шаш гузаргоҳи сарҳадӣ ва Маркази таълимии Хадамоти гумрук бо мониторҳои радиатсионӣ, ки қудрати ошкор намудани қочоқи ғайриқонунӣ ва ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва радиатсиониро доранд, муҷаҳҳаз шудаанд.

Аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, ин кумак дар доираи барнома оид ба мусоидат ба сулҳу субот ҷиҳати тақвияти иқтидори ҳифозатии сарҳадот дар самти таъмини амнияти ядроӣ ироа гардидааст. “Инчунин гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, озмоишгоҳи сайёри муҷаҳҳаз бо асбобҳои ҳассос барои андозагирӣ ва таҳлили маводҳои ядроӣ ва радиоактивиро, ки ҳамчунин аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъмин шудааст, мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ҳоле, ки озмоишгоҳ метавонад дар сатҳи минтақаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, он метавонад ба ҳайси озмоишгоҳи миллии коршиносӣ ҷиҳати тақвияти тафтишот баъд аз ошкор намудани маводҳо хизмат намояд”,-афзуд манбаъ.

Иттиҳоди Аврупо барои истифода ва нигоҳубини таҷҳизот давраҳои омӯзиширо ҳам баргузор кардааст. Ҷаласаҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон ва Маркази амнияти ядроии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Испраи Италия сурат гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ, “манфиатбардори лоиҳа аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, ки мақоми танзимкунандаи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, мебошад. Истифодабарандаи ниҳоии ин лоиҳа Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ мебошад".

Сарчашмаи хабар афзуд, ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахш панҷ сол қабл шурӯъ шуда ва ҳамоҳангӣ бо дигар созмонҳо ва шарикони байналмилалӣ, монанди Агентии байналмилалии энергияи ядроӣ Вазорати энергетика ва Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти муттаҳидаи Амрико, ба таври зич сурат мегирифт: "Лоиҳа оид ба таъмини таҷҳизоти махсус созишномаеро дар бар мегирад, ки арзиши он 1,5 миллион евро мебошад ва он моҳи декабри соли 2014 миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ширкати “Полимастер”-и Ҷумҳурии Белорусия ба имзо расид. Лоиҳа дар маҷмӯъ, бо назардошти давраҳои омӯзишӣ, таъмин ва насби таҷҳизот дар тӯли як сол ба анҷом расид".

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)