Бахшҳо
24 окт 2015 08:51Тоҷикистон / Сиёсат

Сукутҳоямон моро хоҳад кушт

Луқмон БОЙМАТОВ, муарррих

Чӣ басо, ки ҳамин дирӯз «барои бародари бузург» каф мезадем, вале имрӯз нисбат ба онҳо изҳори нафрат мекунем! Рӯзгор одамонро дигар намекунад, балки одамонанд, ки рӯзгорро дигар мекунанд. Инсонҳо бераҳмтарин ҳайвонҳоеанд, ки ақлашонро барои дифоъ аз гуноҳояшон ба хидмат мегиранд!

МИЛЛАТИ БОКИНА ШОИСТАИ НАФРАТ АСТ

Чӣ қадр нафратангез аст, фарде дар ҷилди одамӣ бадтар аз кори ҳайвон мекунад. Чӣ қадр даҳшатовар аст, ҳомиёни қонун ҷаллоди бегуноҳон мешаванд! Ҳазорон равонҳои бегуноҳи миллати мазлуми тоҷик дар хоки ғурбат рехта шуд. Сад дареғо, ки миллат заъифу нотавон аст.

Магар намебинем, ки ин миллати мазлуму бепаноҳ ҳам акнун дар баробарии шаддидтарин кинаҳои русҳои бенасаб қарор дорад. Аммо ин танаффури онҳоеанд, арзиши одамиятро пастар аз ҷойгоҳи чаҳорпоён донистаанд. Кинадӯзӣ ва нафрат кори созанда нест, балки он сӯзандаи шахсият аст. Бовар наметавон кард, миллати рус, бо доштани фарзонагоне, чун Л. Н. Толстой, Ф. М. Достоевский ва даҳҳо дигар аз мутафаккирин, эътибори хешро дорад аз даст медиҳад. Ингор ки баъд аз заволи ҳукумати шӯравӣ, русҳо шарафи инсониро ҳам зинда ба гӯр карда бошанд!

Чӣ гуноҳе ҳақирони тоҷик дошта бошанд, ки дар хоки ғурбат аз манзалати одамӣ то ба ҳадди хасу хошок расидаанд? Чаро ин русҳои бешаън нисбат ба бани одам кинаву нафрате дар дил парварида бошанд? Магар ононро модар наёфарида?

Марги Умар, он кӯдаки маъсуми панҷмоҳаи тоҷик, ки тавассути ҳомиёни қонун дар Русия анҷом шуд, на марг, балки қатли тамомии арзишҳои инсонист. Қатлест, ки ба гунаи ваҳшиёна дар режими одамкушони ҳоким сурат гирифт.

Пурвозеҳ аст, иттифоқе, ки дар шаҳри Санкт-Петрбург рух дод, нишонгари он аст, ки ҳукумати имрӯзи Русия рӯ ба фошизм дорад. Фошизме, ки дар либоси демокросӣ пинҳон аст. Файласуфе гуфта, ки «ҳангоме, ки умед дар касе бимирад, кинаву интиқом дар ӯ зинда мегардад». На, умеди фошистҳои Русия намурда, балки зиндаву фаъол аст, эътиқоди қаҳрамонпарастиашон дар ҳоли вусъат ва инон аз касе тарс надоранд, ҳатто аз пешвои миллаташон!

Бори нахуст нест, доҳие, ки ҳамроҳи дастгоҳаш ҳамчунин системаи одамкушро барои рушди тафаккури фошистӣ фароҳам кардааст, сокит аст. Сокит аст, чаро ки муҳоҷирини кишварашро ба унвони одам қабул надорад. Ба ин хотир аст, ки ӯ борҳо таъкид фақат бар «шарики истротежик»-и давлати Тоҷикистон буданаш дорад, на бар дӯсти миллати тоҷик буданаш! Барои русҳо «ҳамаи бародарони собиқ шӯравӣ» саросар бардаанд ва ҳеч касе аз бардагонашон аз ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ бархӯрдор нест. Равонҳои ҳазорон тоҷики ба қатлрасида баробари қазияи тифли ба урупоиён фурӯхтаи русӣ нест! Ин мусибате аст, ки ҳар тоҷики баномус онро бо хуни дил дар ҷаридаи сарнавишташ бояд бинависад, то аз зеҳни таърихаш фаромӯш нагардад.

Дар ҳеч кишваре, вазъи муҳоҷирон ба он соне, ки дар Русия бошад, нест. Бо ин ҳама дағдағаҳои дурӯғини идуюлужики инсондӯстӣ, масъулини Русия боз ҳам дар миёни ақвоми милал эҳсоси хиҷолат намекунанд. Аммо миллате, ки сомон ва пайвандиҳои ҷавомеъи милалро дурӯғ мепиндорад ва ё чашм аз вуҷуди арзишҳои инсонӣ мепӯшад, миллати солиме нест. Ин миллати гумроҳу мағрур ба ҷуз ғуруру зӯргӯӣ чизи дигареро намибинаду намедонад. Вай гирифтори маризии худбартарбинӣ аст.

Аз миллате, ки сабрро нишонаи заъф, адабро - тарс ва зӯровариро - қудрат медонад, дурӣ бояд ҷуст. Ин бадсириштони қотил садоқату муҳаббатро қурбонии нафсҳои ҳаромашон кардаанд. Магар намебинем, ки кинаи ин миллати худхоҳу бераҳм шоистаи нафрати ақвоми милал шудааст!? Имрӯзҳо камтарин миллатҳои дунёро мебинем, ки дар бораи хасоиси ин беномусон ҳарфи неке зада бошад. Ин сарсупурдагони Аҳриман ҳатто ба бародарони хунии худ, яъне украинҳо раҳм намекунанд, чӣ бошад то «ҷамшуду рушанҳо»?

Рӯзгор хиёнатро намепазирад. Миллате, ки ҳамвора дар андешаи кинахоҳиву бадбинии миллатҳои дигар аст, билохира, зиндагии худ ва ояндагонашро табоҳ месозад ва он лаҳазот дур нест, ки инон дар миёни ақвоми милал шармсор хоҳанд шуд.

СУКУТҲАЯМОН МОРО МЕКУШАД

Он чӣ дар Русия рух медиҳад, сахтарин осебро бар равони миллати тоҷик ворид месозад, ки осораш асрҳои аср дар зеҳн ва дафтари сарнавишташ хоҳад монд, чун кинаву нафрат ҳаргиз пинҳон монданӣ нест! Модарону хоҳарон сокитанд, чун оҳу нолаҳояшон дар сукут аст ва сукуташон садои дил. Падарони навмед низ сокитанд, чун сукуташон доди ғам аст. Фарзандони бегуноҳ ҳам хомӯшанд, чун сукуташон лаънатест бар лаънатшудагон! Ғарибони миллат ҳамвора сокитанд, чун сукуташон ҳамон фарёду нафрини адабист. Сукутҳое ҳам ҳастанд, ки медонему намегӯем, чаро ки бар он чӣ ки мегузарад, андешанок нестем.

Эй кош, ҳамагон ба ёд меовардем ҳадиси Паёмбарро, ки гуфта: «сухан гуфтан дар бораи ҳаққ, аз сукуте бар ботил беҳтар аст!» Дар ҳақиқат, сукут дар замоне, ки ҳаққ поймол мешавад, айни хиёнат ва дар ҳоле, ки адолат хор мегардад, ҷиноят аст. Чаро намехоҳем бифаҳмем, ки сукути бемавқеъ роҳи наҷот нест, балки чоҳи зиллату хорист. Нек бояд бидонем, ки сукутҳоямон моро мекушад.

Хуб медонем, ки хомӯшии мо ҳаргиз сукути ирфонӣ нест, балки сукутест бар муқобили чашмони бефурӯғамон. Сукути мо тарҷумони афкорамон аст. Он нишонаи тарс аст, на ирода. Сад афсӯс, ки ҳанӯз ҳам, аз рӯи усули «бигзор касе, ки сардаш аст, оташро хомӯш кунад», кор мебандем, вале бехабарем, ки оташи тарсу ҷаҳолат ҳатто ҷасуртарин афродро низ ба коми худ хоҳад кашид! Сукути бемавқеъи мо иродаро бандаи ҷаҳл ва мағзи сарҳоямонро манқурт мекунад.

Ҳамин сукутҳои бемавқеъи мо аст, ки миллати тоҷик хешро ба ҳадди зиллатбор хор кардааст. Худбохтагии мо аз сукут аст. Вазъе, ки ин миллати мазлуми беҳуқуқу бесоҳиб ҳам акнун дар миёни ақвоми милал дорад, дар тӯли таърихаш набудаву нашуда. Шарм бояд дошт, миллате, ки соҳиби давлату ҳукумат аст, пеши чашми ҷаҳониён хору зор аст.

Мушкилӣ дар худи мост ва мо ҳама шоҳидонем бар беадолатиҳо, вале сокитем. Сукути мо, яъне хоби виҷдон аст Сукути мо - шикасти мост!
Мӯҳр
Мухочир
Худованд нигахбонад бошад бародари азиз ба ин маколаи навистагият! Хамеша каламатро барои бедори мардум ва пуштубони аз маардуми худ истифода бибар!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)