Маҳкумияти ду зан барои таблиғи хилофат дар “WhatsApp”
Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбакистон Шаҳло Қудратова ва Нилуфар Абдуллоеваро бо ҷурми таблиғи хилофат аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои 5 ва 7 сол равонаи зиндон кардааст.
Ба иттилои Додситонии кулли Узбакистон, ин ду зан аз тариқи пайёмрасони “WhatsApp” ба таблиғи идеологияи гуруҳҳои ифротгаро машғул будаанд. Ин ниҳод мегӯяд, Шаҳло Қудратова ба хотири ташкили гуруҳ 7 сол ва Нилуфар ҳамчун шарик дар ин ҷурм ба 5 сол равонаи зиндон шудаанд.
Дар пасманзари қазияи ин ду зан Додситонии кулли Узбакистон гуфтааст, дар шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар, ба хусус “Одноклассники” ва “WhatsApp” таблиғоти идеологияи ифротгароӣ шаддат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |