Бахшҳо

Даъвати Абдулқодирзода барои берун шудан аз узвияти ҲНИТ

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бесарусомонӣ ва ҷангҳои олами Исломро ба ҳизбу гуруҳбозиҳо марбут донист.

Абдулқодирзода имрӯз, 23 октябр дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ изҳор дошт, “аз замоне ки ҳизбтаъсисдиҳиву фирқаву гуруҳбозиҳо сар шуд, мусалмонон ноком ва душманони Ислом барои зарба задан даст пайдо карданд. Бо дасти мусалмон мусалмон мекушанд”.

Ба иддаои муфтии Тоҷикистон, ҳар куҷое, ки мусалмон кушта шавад, аз дасти мусалмон аст, чӣ дар Афғонистон, чӣ дар Ироқ ва чӣ Сурия. Ба таъкиди вай, “дар ҳеч куҷое аскари ғайримусалмон мусалмон накушта истодааст”.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар идома аз Ҳизби таҳрир ва равияи Салафия мисол зада гуфт, мардуми мусалмон шомили онҳо шуда, ба муқобили якдигар теғ мекашанд. “Дур намеравем, дар ҳамин сафи намоз агар салафие ё аз дигар гуруҳе бошад, ҳам дар рафти намоз, ҳам дар нигоҳу муносибаташ дар дохили масҷид як озоре ба намозгузорон мерасонад. Ҷои пушидааш нест, ошкору равшан ҳаммаи мо ҳаррӯз мебинем, ки дар вақти илтиҷо, даст бардоштан аз болои мадум хез мегираду меравад, ки озори мусалмон аст”,-афзуд раиси Шӯрои уламо.

Абдулқодирзода дар охир аз мардуми кишвар, ба вижа ҷавонон хоҳиш намуд, агар “нофаҳмидаву содалавҳона хато карда”, ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аъзо шуда бошанд, бо ихтиёри худ аз узвияти он даст кашида, билетҳои хешро ба мақомоти қудратӣ биспоранд. Дар ин сурат ба гуфтаи ӯ, “аз тамоми ҷавобгарӣ наҷот меёбанд ва илло чи тавре, ки мову шумо хуб медонем, Суди олӣ ин ҳизбро ҳамчун ҳизби террористӣ эълон кардааст”.
Мӯҳр
шер
И мулохай ё милиса

Ин демократ аст, кадом демократ мусалмон мебошад, аслан демократия ин дини Амрикоиҳо мебошад. Хай бисёри тоҷикода фарқаш, чи аз вақти шӯравӣ то имрӯз 90%тоҷико мусалмон нашудаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)