Бонки Миллӣ: Сатҳи таваррум коҳиш ёфт
Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, моҳи сентябр сатҳи таваррум, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ ба шумор меравад, 0,4 фоизро ташкил дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар давоми нуҳ моҳи соли равон ин нишондиҳанда ба 3,6 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,1 банди фоизӣ паст аст: “Дар давоми 12 моҳ бошад, таваррум 5,3 фоизро ташкил намуд ва ҳамчунин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст мебошад”.
Манбаъ афзуд, ки меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, ки яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб меравад, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |