Муфтӣ: Фоҷеаи Умари 5-моҳа ҷанбаи сиёсӣ низ дорад
Дамир Ҳазрат Муҳиддинов, ноиби аввали Раёсати мусалмонҳои Русия, муфтии Санкт Петербург фоҷеаи Умаралӣ Назарови 5-моҳаро даҳшатангез ва натиҷаи хунукназарии ҷиноӣ, бетарафию бюрократияи ғайриинсонӣ хондааст.
Муҳиддинов дар сафҳаи интернетияш дар сомонаи “Живой Журнал” изҳор доштааст, ки қазияи Умаралӣ дар баробари ҷанбаҳои дигар, паҳлӯи сиёсӣ низ дорад: “Хабари чунин ҷиноятҳои даҳшатафкан зуд шаҳру кишварҳо, пеш аз ҳама Осиёи Марказиро фаро мегиранд. Баъд боз дар ҳайрат мемонем, ки чаро намехоҳанд бо мо дӯстӣ кунанд. Як ҳолати хунукназарию бетарафӣ талошҳои густурда ва сарфи миллиардҳо маблағро барои ҳамгироӣ ба сифр баробар мекунад”.
Муфтии Петербург изҳор доштааст, ки ин фоҷиа танҳо хоси муҳоҷирон нест ва метавонад фардо дари ҳар шаҳрванди Русияро кӯбад. Муҳиддинов аз ҷомеаи Русия даъват намудааст, ки аз суханпардозиҳо дар бораи фарҳанги воло, ҳамдилию эҳсоси адолат ба амал гузаранду гуфтаҳояшонро дар зиндагӣ махсусан нисбати муҳоҷирон, ки табақаи ниёзманданд, татбиқ кунанд.
Дар охир муфтӣ аз даргоҳи Худованд хостааст, барои Умаралӣ дар боғҳои биҳишт осудагӣ ва барои волидонаш сабти ҷамил ато кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |