Раҳоии бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб аз боздошт
Наҷмиддин Саидов -- раиси намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда буд, бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, муодили 200 ҳазор сомонӣ, аз боздошт раҳо шудааст.
Дар ин бора аз Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии ба Радиои Озодӣ иттилоъ дода, афзудаанд, ки қарори раҳоии Саидов рӯзи 19 октябр содир шудааст. Манбаъ гуфтааст, Наҷмиддин Саидов ду ҳафтаи пеш ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардида буд.
Қаблан ин расона иттилоъ дод, ки Наҷмиддин Саидов барои таъини як шаҳрванд ба мақоми раиси гумрук дар Суғд 600 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани қисме аз ин маблағ боздошт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |