Дар Душанбе “Сарқонуни гӯё” муаррифӣ шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз “Сарқонуни гӯё” рӯнамоӣ шудааст. Ин китобро Суннатулло Қосимов, хонандаи литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе дар шакли садо барои нобиноён таҳия кардааст.
Аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки расми муаррифии китоб бо ширкати гуруҳе аз устодону хонандагони литсейи инноватсионӣ, нобиноён ва шахсиятҳои барҷастаи фарҳанг сурат гирифт. “Ба тариқи электронӣ сохтани ин китоби муқаддас аввалан, дастгирии шахсони дорои имконияташон маҳдуд, яъне нобиноён аст, ки бо имкони сарфаи вақт ҳуқуқҳои конститутсиони худро бидонанд. Конститутсия аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Он дар як қуттии чоркунҷа ҷойгир шуда, рӯяш 9 тугма насб шудааст. Дар ҳолати мазкур бо воситаи пахши тугмачаҳои электроние, ки дорои ҳуруфҳои Брайлӣ аст, боб ва моддаҳои лозимиро дарёфт намудан имкон дорад”,-афзуд манбаъ.
Ин китоб дорои манбаи ҷараёни 3,7 В буда, ҳангоми 30 дақиқа қувват гирифтан, метавонад 12 соат фаъол бошад. “Сарқонуни гӯё” аз 12 тугмача иборат буда, бо ёрии онҳо боб ва моддаҳоро мешавад пайдо кард. Ба қавли Суннатулло, китоби сохтаи ӯ аз картон иборат аст ва симу балангӯяк дорад: “Яъне, ашёе истифода шудаанд, ки дар бозорҳо зиёданд ва пайдо карданашон мушкил нест”.
Суннатулло Қосимов аснои муаррифии китоб гуфта, оянда қасд дорад, онро дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла китобҳои кӯчаки кисагӣ бисозад.
Сохтани китоби электронӣ барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд дар Тоҷикистон иқдоми нахустин буда, ба иттилои масъулини Китобхонаи миллӣ феълан ин таҷриба дар ҳоли такмил буда, қарор аст барои роҳандозии тавлид ба мақомоти марбутаи кишвар пешниҳод шавад.
Суннатулло Қосимов қаблан роботе сохт, ки бо 3 забон ҳарф зада, вазифаи дарбонро ҳам иҷро мекард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |