Таъкиди намояндаи ВУХ-и Русия ба таҳқиқи шаффофу дақиқи марги Умари 5-моҳа
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, марги Умар, кӯдаки 5 моҳаи тоҷик ба гунаи дақиқ таҳқиқ мешавад.
Мария Захарова рӯзи гузашта, 22 октябр бо изҳори таслият ба хонаводаи Умар Назаров ба рӯзноманигорон гуфта, “дар ин қазия сухан дар бораи саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои ҳирфавӣ меравад”.
Ба гуфтаи хонум Захарова, раванд ва натиҷаҳои ин парвандаи ҷиноӣ зери назари додситонии шаҳри Санкт-Петербург аст: “Ҳамзамон раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти федеролии муҳоҷират ва Вазорати тандурустӣ ҳамкорони худро ба тафтиши дақиқи ин қазия ҷалб мекунанд”.
Ӯ таъкид кардааст, Вазорати умури хориҷӣ бо ҳамаи ниҳодҳои даргир дар ин фоҷеа дар иртибот аст. “Мехоҳам шумо итминон ҳосил кунед, ки тафтишот ба гунаи сареъ, шаффоф ва дақиқ сурат мегирад”,-таъкид кардааст Мария Захарова.
Дар пайи боздошти Рустаму Зарина, шаҳрвандони Тоҷикистон ва ба идораи пулис бурдани онҳо шаби 13 ба 14 октябр фарзанди панҷмоҳаашон - Умар аз онҳо гирифта мешавад. Баъди як рӯз хабар медиҳанд, ки писарашон фавтидааст. Меҳринисо Назарова, модаркалони Умар он вақт гуфта буд, вақте набераашро ба пулис бурданд, аз ақибашон рафт: “Ман аз тиреза тақ-тақ карда, гуфтам ширашро ақалан гиред. Онҳо ширро гирифтанду монданд, ба Умар надоданд. Баъдан мошини ёрии тиббии таъҷилиро дидам. Ҳамшираи тиббие, ки Умарро гирифта буд, ба ман гуфт, ки набераатонро ба беморхона мебаранд, то беҳтар нигоҳубин кунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |