Муаррифии тадқиқот оид ба риояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодии собиқ маҳкумшудаҳо
Дар Душанбе натиҷаҳои муқаддамотии тадқиқот оид ба риояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодии собиқ маҳкумшудаҳо дар Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.
Аз созмони ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ба «Озодагон» иттилоъ доданд, расми муаррифии ин тадқиқот имрӯз, 23 октябр сурат мепазирад. Манбаъ ҳадафи тадқиқотро омӯзиши вазъи умумии риоя намудани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодии собиқ маҳкумшудаҳо баъди озодшавӣ унвон кард: «Кушиш карда шуд, ки аз нуқтаи назари ҳуқуқ ва тадбиқи меъёрҳои ҷойдошта, такя ба ҳуқуқ ба меҳнат, ба манзил ва таъминоти иҷтимоӣ баъди озодшавӣ, бо дарназардошти нуқтаи назари озодшудагон, хешу табор ва наздиконашон, назари кормандони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сохторҳои давлатии марбут, тадқиқоти гуногунҷабҳа гузаронида шавад».
Ба иттилои манбаъ, давоми тадқиқот 150 нафар, аз ҷумла 50 собиқ маҳкумшуда аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба пурсиш фаро гирифта шуданд: «Аз ҳама мушкилиҳои маъмуле, ки одамон баъди аз маҳбас баромадан бо онҳо дучор мешаванд ин масъалаҳои вобаста бо барҳам хӯрдани доғи судӣ, барқароркунии ҳуҷҷатҳо, мушкилиҳои манзилӣ, муносибат дар оила ва одамони гирду атроф мебошанд. Яке аз мушкилиҳои мубрам барои ин гуруҳи аҳолӣ масъалаи пайдо кардани ҷои кор аст. Ҷустуҷӯи кор барои одамони ба озодӣ баромада, аз сабаби бадгумонии корфармо ва дар маҷмўъ муҳити иҷтимоӣ, мушкил мегардад».
“Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, ки тадқиқотро анҷом додааст, мегӯяд, дар кори мизи мудаввар намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО, доираҳои илмии Тоҷикистон ва намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва коршиносони мустақил иштирок намуда, «тавсияҳои пешниҳодшударо бо мақсади қабули чораҳо оид ба омодагии иҷтимоии маҳкумшудагон барои озодшавӣ ва азнавмутобиқшавии иҷтимоии озодшудагон ба ҷомеа муҳокима хоҳанд кард».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |