Суҳбати дӯстонаи Э.Раҳмон бо Ҳомид Карзай дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 октябр дар мулоқот бо собиқ раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбати дӯстона доир ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба муносиботи ду давлати ҳамсоя ва мардумони ҳамфарҳанги онҳо ва ҳамчунин атрофи масоили минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт: “Тавре таъкид гардид, барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда фаъолона истифода бояд бурд”.
Гуфта мешавад, ки сафари Ҳомид Карзай ба Душанбе бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |