ВИДЕО: “Рейд”-и калон баъди боздошти 2 тоҷик барои роҳзанӣ
Дар пайи боздошти ду тоҷик барои роҳзанӣ баъди зуҳри 21 октябр дар ғарби Маскав “рейд”-и густурда роҳандозӣ шудааст, ки бо боздошти 500 муҳоҷир анҷом ёфтааст. Тибқи иттилои мақомоти Маскав кормандони пулиси шаҳр якҷо бо кормандони Хадамоти муҳоҷират майдони сохтмонии воқеъ дар кӯчаи “Заречная”-и Маскавро иҳота карда, 500 муҳоҷири меҳнатиро боздошт намудаанд. Мақомоти Маскав мегӯянд, ин “рейд” дар пайи афзоиши ҳолатҳои роҳзании шабона ва боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, зеро боздоштшудагон маҳз дар вагонҳои сохтмонии ин иншоот иқомат доштаанд. Манбаъ мегӯяд, феълан даст доштани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар 5 ҳолати ҳамлаи шабона ба занон собит шудааст, ки баъди таҳдиду латукӯб маблағ ва дигар ашёи қиматҳои ҷабрдидаҳоро гирифта, фирор мекардаанд. Аммо яке аз боздоштшудаҳо мегӯяд, дар ду ҳолати ҳамла ба занон иштирок кардааст ва 2-3 ҳазор рубли гирифтаашро барои хариди либос харҷ кардааст. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан алайҳи боздоштшудаҳо ба иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба онҳо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, қазияи мазкурро пайгирӣ хоҳанд кард. VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30