Сафари Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ба Бадахшон барои ироаи кумакҳо
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ба манзури супоридани кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба осебдидагони ноҳияи Шуғнон озими вилояти Бадахшон шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дипломати эронӣ ҳамроҳи Шодихон Ҷамшедов, раиси вилояти Бадахшон аз деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон боздид кардааст. Дар маросиме ба осебдидаҳои сел маҷмӯи кумакҳои Эрон, бо шумули сад тон ангиштсанг, сад қолин, сад пату (одеяло) ва ҳамин миқдор бастаи маводи ғизоӣ тақдим шудааст.
Сафири Эрон дар доираи ин сафар бо Қимматгул Алибердиева, раиси шаҳри Хоруғ ва Шермуҳаммадхон Маҳмадов, раиси Донишгоҳи Хоруғ дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин сафар масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои Бадахшон бо бархе аз устонҳои Эрон низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |