Пешниҳоди бозхонди Ҷамолиддин Маҳмудов ва Акбари Саттор ба Маҷлиси намояндагон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22 октябр пешниҳоди бозхонди се аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ ирсол намудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар мегӯяд, дар пешниҳоди бозхонд исми Вера Наимова, Ҷалолиддин Маҳмудов ва Акбаралӣ Сатторов навишта шудааст.
Ҷалолиддин Маҳмудов узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар КМИР рӯзи 10 феврали соли равон аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид. Ин ниҳод бо нашри изҳороте боздошти ин узви аршади ҲНИТ дар арафаи интихоботи парлумонии кишварро шарҳ дода, гуфт, дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд, ки ба гуфтаи Сардоров ба Ҷамолиддин тааллуқ доштааст.
Додгоҳи ноҳияи Ҳисор Ҷамолиддин Маҳмудовро бар асоси иттиҳомоти ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ 5 сол равонаи зиндон намуд.
Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 28 август дар сини 50-солагӣ даргузашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |