Тағйироти кадрӣ ва ташвиши Президент аз фасодкории суду прокурорҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22 октябр як гуруҳ кадрҳои навтаъин дар Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Суди олӣ ва Суди Олии иқтисодиро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, сардорони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук ва Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ, прокуророни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Ҷиликули вилояти Хатлон ва ноҳияи Тавилдара иваз шуданд: “Инчунин дар мақомоти судии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Чкалов, Истиқлол, Ваҳдат, ноҳияҳои Роштқалъа, Вахш, Қумсангир, Спитамен, Рӯдакӣ, Ҳисор тағйироти кадрӣ ба амал омада, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, роҳбари Дастгоҳи Суди Олии ҷумҳурӣ ва роҳбари Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои нав таъин гардиданд”.
Манбаъ афзуд, ки бо амри президент Ғоибназар Амирхоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзозода Хурсандмурод Бурӣ аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод карда шуданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, аксари кадрҳои навтаъин ҷавон буда, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилона, бо дарки баланди масъулият ва дасту виҷдони пок амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки масъалаҳои вобаста ба таъмини адолати судӣ ва баланд бардоштани мавқеи суд дар ҷомеа ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти давлат қарор дорад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла зикр кардааст, ки дар самти таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат воҳидҳои кории иловагии судяҳо ва дар судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъсис дода шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди нақши мақомоти прокуратура дар таъмини волияти қонун таъкид намудааст, ки мақомоти прокуратураро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти давлатии марбута бо дарназардошти вазъи пуртазоди имрӯзаи ҷаҳон ва бо мақсади ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ бояд ба ҳаракату равияҳои ифротгарову террористӣ, амалҳои бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳангу равияҳои бегона муборизаву муқовимати оштинопазир нишон диҳанд.
Дар баробари ин раисиҷумҳури Тоҷикистон аз он изҳори таассуф кардааст, ки имрӯз ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки худи судяҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст ба кирдорҳои номатлуби коррупсионӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ зада, шаъну шараф ва эътибори вазифаҳои пурмасъулияти худро доғдор месозанд: “Аз ин лиҳоз зарур аст, ки сафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо аз шахсони тасодуфӣ, нолоиқ ва шубҳанок тоза карда шаванд”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳангоми таъин кардани мутахассисони ҷавон ба мақомоти судӣ ва прокуратура ба масъалаи савияи дониш, малакаи касбӣ ва ахлоқи шоистаи мансаби ишғолкарда ва намунаи ибрати ҷомеа будани онҳо аҳамият дода шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |