Манбаъ афзуд, зимни мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бахши муҳоҷирати шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оқилов таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи дарёфти роҳу усулҳои наву беҳтари идоракунии раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандон таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад ва ба ҳамин хотир дар мамлакат сохтори алоҳида оид ба масъалаҳои муҳоҷират таъсис ёфта, «Стратегияи миллии муҳоҷирати кории шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар барои солҳои 2011-2015» қабул гардидааст.
Ҳамзамон, ҷонибҳо аз ифтитоҳи маркази ҳуҷҷатгузории муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия истиқбол карда иброз доштанд, ки кушодашавии як чунин марказҳо дар дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия дар раванди ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон амри зарурсит.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |