Нуқси ҳазорҳо ҳисобкунаки нави “Барқи тоҷик”: Бепул иваз мекунем...
“Барқи тоҷик” мегӯяд, бисёре аз ҳисобкунакҳои барқии электронӣ, ки чанд сол пеш насб шудаанд, нуқси тавлидотӣ доранд ва ройгон иваз хоҳанд шуд.
Ба иттилои манобеи “Озодагон” теъдоди чунин ҳисобкунакҳои ноқис, ки ҳамагӣ се-чор сол пеш насб шудаанд, ҳазорҳо ададро ташкил медиҳад: “Бархе ҳисобкунакҳо нуқс пайдо кардаанд, чун вақте пултро тарафи онҳо равона мекунем, кор намекунанд. Шояд аз сабаби пасту баланд шудани шиддати барқ бошад, ки нуқс пайдо кардаанд ва ташхисгоҳи мо натавонист онро бартараф кунад. Ба назоратчиён супориш додем, оиди ҳисобкунакҳои ноқис ба мо гузориш диҳанд ва мо онҳоро ройгон иваз хоҳем кард”.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” низ дар суҳбат ба “Озодагон” нуқс пайдо кардани бархе аз ҳисобкунакҳоро тасдиқ карда, афзуд, ки ин ба чанд омил рабт дорад: “Масалан дар Душанбе зиёда аз 160 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ васл карда шудааст, ки дар ин миён чандтои онҳо нуқсон пайдо кардааст. Баъзе муштариён мехоҳанд, ки ҳила карда маблағи барқашонро кам кунанд. Ё худи ҳисобкунак нуқсон аз ҷои истеҳсолаш дорад. Мутахассисон ин камбудиҳоро меомӯзанд, агар ин нуқсон аз завод бошад онро бозпас мефиристонанд ва ҳисобкунаки навро ройгон насб мекунанд. Аммо муштариёне, ки худашон ҳилае кардаанду ҳисобкунакашон нуқс пайдо карда бошад, он ройгон иваз карда намешавад. Ҳато дар шартнома бо завод ин чиз дарҷ шудагӣ аст”.
Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони Душанбе шикоят доранд, ки баъзе нозирон барои иваз намудани ҳисобкунак маблағ талаб доранд, ки ба гуфтаи масъулини “Барқи тоҷик” ғайриқонунӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |