Ба курсии Мусоева дар “Душанбе-Плаза” Табаров нишаст
Рафиқа Мусоева аз раҳбарии Корхонаи воҳиди давлатии “Душанбе-Плаза” барканор шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев курсии хонум Мусоева дар ихтиёри Аъзам Табаров, собиқ раҳбари Муасиссаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
Рафиқа Мусоева моҳи июни соли 2012 раҳбари "Душанбе-Плаза" таъин гардида буд. Ӯ солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси олии Тоҷикистон ва 2001-2003 вазири меҳнат ва аз соли ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд. Аз соли 2003 роҳбарии Ассосиасияи энергетикҳои Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
"Душанбе Плаза" дар ҳоли ҳозир баландтарин бино дар шаҳри Душанбе аст, ки 92 метр баландӣ дошта, масоҳати умумиаш ба 40 ҳазор метри мураббаъ мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |